ВУХ Русия: пойгоҳи низомии 201-уми Русия бар шиддат гирифтани вазъ дар марз омода аст

Дар сурати шиддат ёфтани вазъ дар марз бо Афғонистон, пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон ба муқовимати қатъӣ омода аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 июл - Sputnik. Вазорати умури хориҷаи Русия гуфт, ки пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон тамоми тавоноиро дорад, то дар сурати шиддат гирифтани вазъ дар марз бо Афғонистон амал намояд.
Қобили зикр аст, ки қаблан тамринҳои низомии нерӯҳои Русия ва Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ дар пасманзари шиддат гирифтани вазъ дар Афғонистон баргузор шуда буданд.
Рӯзҳои охир гурӯҳи Толибон аз тасарруфи даҳҳо ноҳия дар шимоли Афғонистон ҳаммарз бо Тоҷикистон хабар доданд. Дар ҳоли ҳозир ҳама ноҳияи ҳаммарзи Афғонистон бо Тоҷикистон дар Бадахшон ба дасти Толибон гузашт. Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ки амалиёти бозпасгирии ин ноҳияҳоро барномарезӣ кардаанд.
Байден эҳтимолияти ғасби қудрат дар Афғонистонро арзёбӣ кард
Зоҳиран вазъи Афғонистон нигарониҳои ҷиддиеро дар Тоҷикистон ба вуҷуд овардааст.
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон рӯзи 5-уми июл бо раҳбарони Русия, Қазоқистон ва Узбекистон вазъи Афғонистонро баррасӣ кард. Ҳамон рӯз дар ҷаласаи Шӯрои амният Эмомалӣ Раҳмон супориш дод, ки 20 ҳазор нерӯҳои эҳтиётиро ба марз сафарбар кунанд.
Дар ҳамин ҳол, Русия ки пойгоҳи низомии бузург дар Тоҷикистон дорад, гуфтааст, ки дар сурати ниёз барои суботи марзҳои Тоҷикистон бо Афғонистон, омодаи ҳамкорӣ аст.
Мақомоти Тоҷикистон қаблан эълон карданд, ки гурӯҳи Толибон 900 километр марз миёни ин кишвар ва Афғонистон дар ихтиёри худ доранд.