ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳури Тоҷикистон барои танзими нарх ва ҷилавгирӣ аз болоравии арзиши чиптаҳои парвоз ба Русия дастур додааст.
“Тибқи дастури роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон ва протоколи ҷаласаи якҷояи роҳбарияти ширкатҳои ҳавопаймоӣ, дар хатсайрҳои самти Русия, арзиши як чипта арзиши як чипта дар ҳар ду самт 500 доллари амрикоӣ баробар ба 5800 сомонӣ муқаррар шудааст”, - гузориш дод телевизиони давлатии “Тоҷикистон”.
Дар гузориш таъкид шудааст, ки шахсони манфиатхоҳ бо истифода аз мушкилоти пешомада, чиптаҳоро гарон мефурӯшанд, ки ин амалашон боиси паст гардидани эътимоди мардум ба мақомоти давлатӣ мегардад.
Эълони нархи 5800 сомонӣ аз ҳарду тараф дар ҳолест, ки корафтодагон дар Тоҷикистон мегӯянд, танҳо чиптаи парвоз барои як самт – аз Душанбе ба самти Русияро ба маротиб қиматтар харидаанд.
Дар ин робита Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз боздошти фурӯшандаи нуқтаи фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ва масъули Раёсати сарҳадоти Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар фурудгоҳи Душанбе хабар дод, ки аз мусофирон барои як чипта аз 9500 то 12 500 сомонӣ гирифтаанд. Таъкид шудааст, ки муттаҳамон аз 43 муҳоҷир беш аз 433 ҳазор сомонӣ гирифта, онҳоро фиреб додаанд.
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия аз шаҳрвандон даъват кардааст, ки агар дучори қаллобию гаронфурӯшии чиптаҳо шудаанд, ба ин ниҳод муроҷиат кунанд.