Афроде, ки дороияшонро қонунӣ мекунанд, бояд 600 сомонӣ супоранд

Хароҷоти қонуни афви дороӣ дар Тоҷикистон аз ҳисоби онҳое амалӣ мегардад, ки дороияшонро қонунӣ мекунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дороиҳои худро тибқи афв қонунӣ мегардонанд, ба андозаи 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба буҷетҳои маҳаллӣ хироҷ пардохт менамоянд.
“Хароҷоти бо қонунгузории Тоҷикистон пешбинишуда барои барасмиятдарории қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳо аз ҳисоби шаҳрвандон пардохт карда мешавад”, - омадааст дар моддаи 8-уми қонун, ки хароҷоти марбут ба қонунигардониро танзим мекунад.
Қонуни афв барои қонунигардонии дороиҳо дар Тоҷикистон аз моҳи июли соли равон давоми12 моҳи оянда амал хоҳад кард.
Дар доираи ин қонун на танҳо маблағҳоеро метавон қонунӣ кард, балки хонаю иншоотеро низ ки худсарона сохта шудаанд, метавон расмӣ кард.
Чӣ гуна хонаҳои ғайриқонунӣ дар дохилу хориҷи Тоҷикистон қонунӣ мешаванд?
Шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд молу мулки ғайриманқули худсарона сохташудаи шахсӣ ё дар фаъолияти соҳибкорӣ истифодашавандаро бо роҳи пешниҳоди ариза қонунӣ гардонанд, омадааст дар моддаи 5 – и қонун дар бораи афви дороиҳо.
Шаҳрвандон барои истифода аз имкониятҳои қонунигардонии дороияшон 12 моҳ муҳлат дорад.