Рӯзи 9 июл дар ҷаҳон чӣ рух дод
Соли 1788 Коннектикут Иёлати панҷуми ИМА шуд.
Соли 1948 Созмони байналмилалии меҳнат Конвенсияи ҳифзи ҳуқуқи иттиҳодияҳоро қабул намуд.
Соли 1952 Ҷумҳурии Демократии Германия (ГДР) дар бораи таъсис додани сотсиализм қарор қабул кард.
Соли 1957 дар ҷадвали химиявии Менделеев 102-юмин элементи химиявӣ кашф карда шуд. Элементи навро донишмандоне, ки дар Швейтсария фаъолият мекарданд, ба хотири Алфред Нобел "Нобелий" номгузорӣ намуданд.
Соли 1961 Юнон дар бораи дохил шудан ба Иттиҳоди иқтисодии Аврупо қарор қабул кард.
Соли 1988 варзишгари немис Габриэла Ранш барои партофтани гурз ба масофаи 76 метру 80 сантиметр рекорди ҷаҳонӣ гузошт.
Соли 1997 чемпиони ҷаҳон Майк Тайсон барои раҳоӣ ёфтан аз дасти ҳарифи худ дар майдони ҳарб гӯши ӯро газид ва аз бозӣ ронда шуд.
Соли 2006 дар давраи ниҳоии Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар Олмон дастаи мунтахаби Италия дастаи Франсияро дар силсилазарбаҳои 11-метра (вақти асосӣ 1:1) мағлуб намуд ва маротибаи 4-ум чемпиони чаҳон шуд.
Рӯзи 9 июл дар Тоҷикистон чӣ рух дод
Соли 1996 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи ширкати муштараки Тоҷикистону Голландия "Тоҷик Тел" мавҷи телефонӣ сар дода шуд.
Соли 2010 дар тарабхонаи "Суҳбати дӯстон"- и шаҳри Истаравшан бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон тӯйи хонадоршавии 10 ҷуфти ҷавон ва хатнатӯйи 40 кӯдак аз оилаҳои камбизоат баргузор гардид.
Соли 2012 Президент Эмомалӣ Раҳмон ва Сафири Фавқулода ва Мухтори вақти Америка дар Тоҷикистон Кеннет Гросс масоили гуногунҷанбаи ҳамкории Тоҷикистону ИМА-ро баррасӣ намуданд.
Соли 2015 дар шаҳри Уфа-пойтахти Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Русия Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои аъзои БРИКС (Бразилия, Россия, Ҳиндустон, Чин ва Африқои Ҷанубӣ), СҲШ ва Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, ки дар мавзӯи "Роҳҳои баланд бардоштани некуаҳволии мардумони кишварҳои мо" баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ намуд.
Ҷашнҳои рӯзи 9 июл
Рӯзи байналмилалии теннис.
Дар Озарбойҷон – Рӯзи кормандони сохторҳои хизмати дипломатӣ.
Дар Аргентина — Рӯзи Истиқлолият.
Дар Қазоқистон – Рӯзи Хадамоти андоз.
Рӯзи 9 июн кӣ ба дунё омадааст
1901 — Барбара Картленд (соли даргузашт. 2000), нависандаи пурмаҳсули англис дар асри XX.
1931 — Андрей Капитса (соли даргузашт 2011), ҷуғрофдони рус, таҳқиқгари Антарктида, профессор, узви Академияи илмҳо.
1938 - Лия Ахеджакова, ҳунарпешаи театр ва синамо, ҳунарманди халқии Русия.
1950 — Виктор Янукович, сиёсатмадори украинӣ, президенти Украина дар солҳои (2010—2014).
1956 — Том Хэнкс, ҳунарманди амрикоӣ, коргардон, продюсер дорандаи ду ҷоизаи "Оскар" ва чаҳор "Золотой глобус".
Рӯзи 9 июл дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст
1941-2008 – нависанда Азиз Раҳим.
1954 – ҳавошинос, нависанда Александр Пиров.