Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо

Марговар: нигаронии олимон аз пайдоиши суперштамми вируси корона

Ваксинаҳои мавҷуда бар зидди штами супер - COVID-19 нотавон хоҳанд буд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 июл – Sputnik. Шакли фавқулодаи коронавирус метавонад дар ҳама кишварҳо пайдо шавад, гуфт мутахассиси амнияти биологӣ Николай Дурманов, дар мусоҳиба бо радиои Sputnik.
Ба гуфти мутахассис, штамми суперкоронавирус аз мутатсияҳои қаблии коронавирус ба дараҷаи баланди фаъолнокӣ фарқ мекунад, ки табобатҳои мавҷуда дар муқобили он бетаъсир хоҳанд буд.
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Эрдуғон ва Меркел чунин карданд: пизишк дар бораи эмкунӣ бо ду навъи ваксина
Пайдоиши чунин сироятро пешгирӣ кардан мумкин аст. Усули аз ҳама самарабахш ваксина мебошад, мегӯяд Дурманов.
Коршинос қайд кард, ки пайдоиши мутатсияҳои нав аз шумораи беморон вобаста аст.

"Ваксина гардиши вирусро дар байни аҳолӣ пешгирӣ мекунад ва ба бозии табиат, ки бо пайдоиши навъҳои дигари вирус меанҷомад, халал мерасонад. Беҳтарин кафолат аз пайдоиши супер-штаммҳои нав, ки барои табобати онҳо ваксинаҳои дигар лозим хоҳанд буд, истифодаи ваксинаҳои кунунӣ ҳаст", - таъкид кард Дурманов.

Чунин чораҳо на танҳо аз пайдоиши мутатсияҳои нав пешгирӣ мекунанд, балки барои пешгирии хуруҷи минбаъдаи беморӣ кумак мерасонанд.
"Мавҷҳои нави COVID бо шаклҳои нави мутантии коронавирус алоқаманданд", - гуфт коршинос.
Таъсири ваксинаҳои мавҷудбуда ба намудҳои гуногуни сироят, ба гуфтаи Дурманов, сусттар мешавад.
Коршинос илова кард, ки мутахассисони сартосари ҷаҳон ба коркарди доруҳое шурӯъ карданд, ки дар ҳолати пайдо шудан, аз супер-штамми коронавирус ҳимоя мекунанд.