Сокинони Ниҷонии Истаравшан аз марги чор наврас дар як рӯз хун мегирянд

Сокинони деҳоти Ниҷонии шаҳри Истаравшанро даргузашти чор наврас мотамзада кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 июл – Sputnik. Тобути ҳар чор навраси ғӯрамарг, ки дар шаҳри Хуҷанд ғарқ шуданд, ба зодбуми онҳо деҳаи Ниҷонии шаҳри Истаравшан интиқол дода шуд.
Ҳоло сокинони ин деҳа барои марги 4 наврас мотам доранд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯяд, пас аз ғарқ шудани наврасон, наҷотбахшон дар ҳамдастӣ бо сокинони маҳаллӣ ҷасади онҳоро аз об берун оварданд ва ба мақомоти дахлдор супориданд.
Фаврӣ: ғарқшавии 4 хонандаи мактаби Истаравшан дар Сирдарё
Манбаъ меафзояд, ҳоло маълум нест, ки кай ва ҳамроҳи кӣ ин чор ноболиғ аз Истаравшан ба Хуҷанд сафар карданд.
Даргузашти чор сокини ноболиғи Истаравшанро ба Sputnik Тоҷикистон, Идораи маорифи шаҳри Истарафшан низ таъйид карда буд.
Ба иттилоъ ин манбаъ, ҳамаи ғарқшудаҳо хонандагони синфи 9 - и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 60 дар деҳаи Ниҷонӣ буданд.

“Хонандаҳо барои чӣ ба Хуҷанд сафар кардаанд ва чӣ гуна барои оббозӣ ба Сирдарё рафтаанд, барои мо норӯшан аст”, - гуфт манбаъ аз маорифи Истаравшан.

Гуфта мешавад, ҳодисаи нохуш дар соҳили рости Сирдарё дар наздикии боғи фарҳангӣ-фароғатии "Наврӯзгоҳ" иттифоқ афтода буд.