ДУШАНБЕ, 8 июл – Sputnik. Абдулло Давлатов, пизиши тоҷики муқими Русия ваксинзаниро ҳатмӣ мегӯяд.
Ӯ дар наворе дар Ютуб ба пурсандагони саволи "оё ваксин гирем?", посух додааст, ки "ҳатман".
Ҷаноби Давлатов таъкид кардааст, ки тибқи маълумоти СУТ, эҳтимоли фавти 7 дар сади гирифторони коронавирус вуҷуд дорад.
"Бар замми ин, ҳар нафаре ки коронавирус шуд, ин уфунӣ бе иллат аз баданаш бурун намешавад. Ҳатман ба ягон узви баданаш латма мезанад, ки дар баъзе нафарон он як умр боқӣ мемонад", - таъкид мекунад вай.
Барои ҳамин ваксин - ҳатмист, меафзояд Абдулло Давлатов.
Ҳамчунин пизишк далели бархе нороҳатиҳоеро, ки баъди ваксин гирифтан дучор мешаванд, шарҳ додааст: баръакс хуб аст.
"Агар шумо ваксин кунед, шояд ба баъзе ҳолатҳо ногувор (тасб, табларза, дарди ҷои сӯзандору - идора) рӯбарӯ шавед, ки гузаранда ҳастанд ва ҳеҷ иллати хатар ба ҷон надорад, балки маҳз дар ҳамин вақт антитело ҳосил мешавад. Бояд қайд кунем, вақте шумо ваксин мегузаронед, ҳеҷ ваҷҳ наметавонад дар бадани инсон коронавирус ҳосил кунад. Як шохаи вирус аст, ки антитело ҳосил менамояд", - тавзеҳ медиҳад ӯ.
Вай меафзояд, нораҳатиҳо натиҷаи фаъол шудани масъунияти бадан ҳастанд. Бояд тоқат кард, таъкид мекунад пизишки тоҷик.
Ҳолатҳое низ ҳастанд, ки бояд ба пизишк муроҷиат кард: агар тасб аз 38 дараҷа боло шуд, дар чашм, бинӣ ва пӯст ягон тағйирот зоҳир гардид.
Абдулло Давлатов ба суоли "чаро мегӯянд, ки васин зарар дорад" низ посух гуфтааст.
"Ҳатто бархе олимони тиб аз нуқтаи назари сиёсиашон чунин сафсатаҳоро мегӯянд. Шумо набояд ба онҳо бовар кунед. Ба олимоне ки хуб омӯхтанд, такя кардаву беҳтараш ки воксин гузаронед", - меафзояд Давлатов.
Ҳамчунин ба қавли пизишки тоҷик, баъди ваксин гирифтан низ риояи қоидаҳои беҳдошт ҳатмист - агар не, метавон интиқолдиҳандаи коронавирус шуд.
"Бояд қайд кард, ки вақте шумо воксин кардед ва дар хуни шумо антителоҳо пайдо шуданд, агар дигарбора вируси ковид ворид шуд, албатта антителоҳо онҳоро нобуд мекунанд", - мегӯяд вай.
Аммо, дар луобпардаҳои бинӣ ва даҳон антитело нестанд.
"Дар натиҷа шумо ҳангоми гап задан, атса задан, сулфа кардан вирусро ба дигарон интиқол медиҳед, аммо вақте он вориди хуни шумо мешавад, нобуд мегардад", - таъкид мекунад пизишки тоҷик Абдулло Давлатов.