ВКД 7 сокини гумшударо ҷустуҷӯ мекунад: аз ҷумла 4 кӯдак

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон 7 сокини кишварро ҷустуҷӯ мекунад, ки аз хона баромадаву барнагштаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 июл – Sputnik. Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон хабар дод, ки 7 сокини ҷумҳурӣ ҷустуҷӯ мешаванд. Бино бар иттилои манбаъ, 4 нафар аз бедаракгардидагон кӯдак мебошанд.
Гуфта мешавад, онҳо муддатҳои гуногун аст, ки беному нишон гум шудаанд. Бархеашон солҳост, ки ҷустуҷӯ мешаванд, бархеи дигар моҳҳои ахир гум шудаанд.
Ҳамин тавр, як зан, сокини ноҳияи Нуробод бо се фарзандаш бедарак шудааст. Дар ноҳияи Рӯдакӣ бошад, кӯдаки 7-солае ҳудуди 10 рӯз пеш аз хона баромадаву барнагаштааст.
ВКД аз сокинон хоҳиш мекунад, ки ҳангоми дидани онҳо ё дар бораашон маълумот пайдо кардан, ба вазорат хабар диҳанд:
Меҳронаи Камолзода, соли таваллудаш 1991, истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат, 26 июни соли 2021 аз хона баромада, барнагаштааст
Ёсуфҷони Насимзод, соли 2014, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, 26 май хона баромада барнагштааст
Ҳафиза Шамсиддинова, соли таваллудаш 1985 сокини ноҳияи Нуробод, номбурда бо чанд фарзанди хурсолаш чанд вақт инҷониб бедарак аст
Баҳодур Қурбонқул, соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, 2 сол мешавад, ки бедарак аст.
Ёдрас мешавем, пештар, 4 июл шабакаҳои иҷтимоӣ, аз бедарак шудани як духтарачаи 8-сола, Руфейда Иноятова хабар доданд. Як рӯз пас хабар дода шуд, ки ҷасади духтарак дар наздикии манзили хонавода пайдо гардид. Дар куштори ӯ ҳамсояашон, марди 30-сола гумонбар дониста мешавад.