Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Мақомоти Тоҷикистон 21 январи соли 2022 аз бозгашти сеюмбораи коронавирус ба кишвар хабар доданд

Вазорат теъдоди шаҳрвандони ваксингирифтаро эълон кард

Дар Тоҷикистон аллакай 19 ҳазор нафар вояи дуюми ваксин алайҳи коронавирусро гирифтаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Беш аз 300 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон алайҳи маризии коронавирус ваксин гирифтанд. Дар ин бора дафтари матбуотии Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, то 6 июл дар ҷумҳурӣ 328 405 нафар ба ваксинатсия фаро гирифта шуданд. Ҳамчунин вояи дуюми ваксинро 19 ҳазор нафар аллакай гирифтанд.
Маврид ба зикр аст, ки Ситоди ҷумҳуриявии мубориза алайҳи коронавирус ваксинатсияи ҳатмӣ дар Тоҷикистон ҷорӣ кард.
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Афзоиши рекордии беморони коронавирус дар Тоҷикистон: омори вазорат
Ҳамин тариқ афроди аз 18 - сола боло бояд ҳатман алайҳи вируси COVID - 19 ваксин гиранд.
Манбаъ меафзояд, нафароне, ки то ҳол ваксин нагирифтаанд, бояд ба наздиктарин муассисаи тиббӣ муроҷиат кунанд ва ройгон ваксин бигиранд.
Маврид ба зикр аст, ки дар Тоҷикистон ҳоло ду навъ ваксин алайҳи коронаиврус дар гардиш аст, ки яке ваксвини сохти бритонӣ ва шведӣ ва дигаре истеҳсоли Чин аст.
Ҳарчанд вуруди ваксини сохти Русия "Спутник V" ба Тоҷикистон низ ваъда шуда буд, аммо то ҳол ин навъ ваксин ба ҷумҳурӣ нарасидааст.