Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?

Фаврӣ: Толибон аввалин вилоят – зодгоҳи “Бӯи Ҷуи Мулиён” - ро фатҳ карданд

Ҳаракати мамнуъи Толибон вилояти Бодғисро фатҳ карданд. Ин аввалин вилоятест, ки ба дасти онҳо суқут мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Манобеи Sputnik Тоҷикистон дар ҳукумати Афғонистон дар таъйиди ин хабар гуфтанд, ки ҳудудан соати 11.30 нерӯҳои ҳаракати Толибон(гурӯҳи экстремистӣ, мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия - идора) вориди шаҳри Қалъаи Нав, маркази маъмурии Бодғис шуданд.
“Ҳоло ҷанг миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва онҳо дар атрофи шаҳр идома дорад. Талоши ҳукумат бар ин аст, ки дар пайи як зиддиҳамла Толибонро аз шаҳр берун кунад”, - гуфт манбаъ.
Бодғис як вилояте дар шимолу ғарби Афғонистон ва аз қисмати шимолӣ ҳаммарз бо Туркманистон аст. Толибон ҳудуди 10 соли ахир дар вулусволиҳои куҳистонии ин вилоят ҳузур доштанд.
Аз 7 вулусволии Бодғис дар гузашта Ғурмочу Боло Мурғоб ва Мугур таҳти султаи Толибон буданд. Тайи ду моҳи ахир бақия вулусволиҳо - Обкамарӣ, Ҷаванд, Қадис ва Қалъаи Нав ба дасти онҳо суқут карданд.
Ғасби марз бо Тоҷикистон аз сӯи Толибон* чӣ дар пай дорад
Аҳолии Бодғис, бино ба додаҳои мухталиф, беш аз 500 ҳазор нафар буда, таркиби қавмии он аз тоҷикон (60%), пуштунҳо (30%) ва узбеку туркман ва балуҷҳо ташкил ёфтааст.
Барои тоҷикон Бодғис маҳалли эҷоди шеъри маъруфи асосгузори адабиёти тоҷику форс Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ – “Бӯи Ҷӯи Мулиён” аст. Ин шеър ба он хотир эҷод шуда буд, ки Амир Насри Сомонӣ шефтаи боду ҳавои хуши Бодғис шуда, дар бозгашт ба Бухоро, маркази Давлати Сомониён, таъхир мекард, аммо вақте ин шеърро барояш Рӯдакӣ хонд, бидуни ҳеҷ омодагӣ хесту ба асп савор шуд ва озими Бухоро шуд.
Қаблан Ҳаниф Атмар, вазири корҳои хориҷии Афғонистон, изҳор дошт, ки суқути вулусволиҳо ва вилоятҳо барномаи тарҳрезишудаи ҳукумати Афғонистон ба хотири расидан ба сулҳ бо Толибон аст.