Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфт, барои саркашӣ аз ваксингирӣ ҷазо ҷорӣ шудааст ё не

Дар Тоҷикистон ваксинзании ҳатмӣ алайҳи коронавирус эълом шудааст, аммо дар сурати саркашӣ чӣ мешавад?
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 июл – Sputnik. Намояндаи хадамоти матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки ваксиназанӣ дар ҷумҳурӣ чӣ гуна ҷараён дорад.
Ӯ гуфт, ки оё нисбати ваксинбезорон ё нафаронеро, ки бо сабабҳои шахсӣ аз гирифтани ваксина даст мекашанд, таҳримҳо ҷорӣ мешавад ё хайр.

"Ваксиназанӣ мисли пештара идома дорад, дар кишвар нисбати одамони ваксиннагирифта ягон хел маҳдудият нест. Дар қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба муқобила бо COVID-19 ваксинзанӣ ҳатмӣ эълон карда шуд, аммо ҳеҷ гуна маҳдудият пешбинӣ нашудааст", - гуфт намояндаи вазорат.

Қайд кардан ба маврид аст, ки то 6 июли соли 2021 дар Тоҷикистон 328 ҳазору 405 нафар зидди COVID-19 эм карда шуданд.
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Вазорат теъдоди шаҳрвандони ваксингирифтаро эълон кард
Вазорати тандурустӣ рӯзи 3 июл ваксинзании ҳатмӣ барои шаҳрвандони аз 18 - сола боло эълон кард.
Барои гирифтани ваксина алайҳи коронавирус, бояд ба духтури оилавӣ ё муассисаи тиббии маҳаллӣ муроҷиат кард
Ваксина барои шаҳрвандони кишвар ройгон аст.