ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Президентҳои Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар масъалаи Афғонистон дар тамос ҳастанд, гуфт вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров дар як нишасти хабарӣ пас аз мулоқот бо ҳамтои худ аз Лаос.
Вай қайд кард, ки президенти Русия Владимир Путин бо роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ доиман дар тамос аст.
"Мо вазъи Афғонистонро, бодиққат пайгирӣ мекунем. Он ҷо авзоъ аз ҷумла дар пасманзари хуруҷи сареъи нерӯҳои Амрико ва НАТО, ташаннуҷ мегирад", - гуфт Лавров.
Охирин музокироти президентҳои Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон рӯзи душанбе, 5 июл баргузор шуд.
Ёдовар мешавем, ки аз 1 май ИМА раванди фаъоли хуруҷи нерӯҳояшро аз Афғонистон оғоз кард. Дар ҳоли ҳозир, беш аз 3,5 ҳазор низомии амрикоӣ кишварро тарк кардаанд.
Ғайр аз ин, сарбозони Олмон ва Италия низ аз қаламрав берун шуданд.
Дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон ҷангиёни "Толибон"* фаъолтар гардиданд.
Задухӯрдҳои шадид байни нерӯҳои ҳукуматӣ ва "Толибон" дар чаҳор минтақаи наздимарзӣ ҷараён дорад. Аз 28 ноҳияи вилояти Бадахшони Афғонистон 18 вулусволӣ зери назорати ҷангиён гузашт.
Дар маҷмӯъ, "Толибон" аз моҳи май то имрӯз беш аз 150 ноҳияи Афғонистонро забт кардаанд.
*созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар