Ҳамсари президенти Ҳаитӣ низ баъди шавҳараш ҷон дод

Ҳамсари раиси ҷумҳури Ҳаитӣ Мартин Моис низ, ки ҳамроҳи шавҳараш тир хӯрда буд, даргузашт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 июл - Sputnik. Зани президенти Ҳаитӣ, Мартин Моиз аз захми тир даргузашт.
Бонуи аввали Ҳаитӣ шаби 7 июл, вақте ки шахсони номаълум ба манзилашон ворид шуданд, паронда шуд.
Аввал ҷинояткорон президенти Ҳаитӣ, Жовенел Моизро паронда, куштанд ва сипас ба сӯи ҳамсараш тир холӣ карданд. Ҳамсари раиси ҷумҳури Ҳаитиро бо захми тир ба бемористон интиқол доданд. Бо вуҷуди талошҳои табибон, ӯ аз ҷароҳатҳои бардошта ҷон додааст. Вай 47 сол дошт.
Пас аз қатли президенти Ҳаитӣ ва ҳамсари ӯ, мақомот парвозҳо ба кишварҳои дигарро бастанд. Жовенел дӯстдухтари мактабияш Мартин Мари Этиен Ҷозеф дар соли 1996 издивоҷ карда, соҳиби се фарзанд шуда буд.
Президенти Ҳаитиро паронданд
Куштори президенту ҳамсараш шаби 7 июл рух додаст. Бар асоси иттилоияи расмӣ, афроди мусаллаҳи номаълум, ки баъзеашон испанӣ ҳарф мезаданд, ба қароргоҳи президент ҳамла карданд.
Президенти Ҳаитӣ моҳи феврали соли равон ҳадафи сӯиқасд қарор гирифта буд. Он замон хадамоти махсус тавонистанд ҳамларо пешгирӣ кунанд.
Ӯ дар интихоботи соли 2015 пирӯз дониста шуд, аммо мухолифин эътироз карданд ва дар коммиссияи махсус соли 2016 эътироф кардааст, ки дар раъйдиҳӣ қонуншиканиҳо сурат гирифтаанд. Дар овоздиҳии такрорӣ дар моҳи феврали соли 2017 Моиз президенти Ҳаитӣ интихоб шуда буд.