Гурӯҳи фаврии СААД озими Тоҷикистон шуд: марзро назорат мекунанд

Ҳададфи асоси ташриф овардани ин гурӯҳ, назорати марзи Тоҷикистону Афғонистон гуфта мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Як ҳайати СААД ба Душанбе ташриф овард, хабар медиҳад котиботи ин созмон.
Ба иттилои манбаъ, ҳайати мазкур тавассути ҳавопаймои ҳарбии Русия ба Тоҷикистон интиқол ёфт.
Гурӯҳи махсусро генерал-полковник Анатолий Сидоров, сардори ситоди муштараки СААД роҳбарӣ мекунад.
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
ВУХ: Путин бо Раҳмон ва Мирзиёев доиман дар тамос аст
"Ҳадафи аслӣ дар кори гурӯҳи фаврӣ назорати вазъ дар минтақаи марзии Тоҷикистон бо Афғонистон ва омода кардани пешниҳодҳо барои чораҳои муштарак дар формати СААД мебошад", - омадааст дар хабар.
Инчунин, нозирони СААД сафарҳои саҳроӣ ба минтақаҳои ҷанубии Тоҷикистон ва як қатор вохӯриҳои кориро бо роҳбарияти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ, марзбонон ва дигар намояндагони шӯъбаҳои қудрат ва дифоъ ба нақша гирифтаанд.