Бозори арз: эълони қурби рубл, доллар ва евро нисбат ба сомонӣ дар Тоҷикистон

Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Тибқи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1538 сомонӣ нишон дода шудааст.
Қурби доллар бошад, пеш пас аз чанд моҳ каме боло рафтааст.
Тибқи нишондоди БМТ ҳоло 1 доллар 11.3220 сомонӣ муқаррар шудааст.
Ҳамзамон тибқи иттилои БМТ, қурби асъори аврупоӣ нисбат ба сомонӣ дар ҳоли шинокунанда қарор дошта, имрӯз низ каме поин рафтааст.
Дар Тоҷикистон имрӯз як евро 13.4052 сомонӣ муқаррар шудааст. Дирӯз дар бозори арз арзиши як евро дар марзи 13.4437 сомонӣ муқаррар шуда буд.
Холиқзода: дар афви гузашта ба маблағи 191 миллион доллар дороӣ қонунӣ шуд
Ҳамчунин, имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон барои 1 доллари ИМА аз 11.3220 то 11.3400 сомонӣ, барои 1 евро аз 13.4052 то 13.5600 сомонӣ ва барои 1 рубли русӣ аз 0.1538 то 0.1540 сомонӣ муқаррар шудааст.
Бонки Миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъорӣ берун аз филиалҳо, офисҳои марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.