Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Мақомоти Тоҷикистон 21 январи соли 2022 аз бозгашти сеюмбораи коронавирус ба кишвар хабар доданд

Ваксинагирии додрасҳои Тоҷикистон баъди эълони ҳатмӣ будани он

Додрасҳои шаҳри Душанбе аз роҳбарон сар карда, то кормандони дастгоҳ ҳама бо ваксина фаро гирифта шуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Дар доираи нақшаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар додгоҳи шаҳри Душанбе маъракаи ройгони ваксиназанӣ зидди бемории COVID-19 баргузор шуд.
Тибқи иттилои додгоҳи Душанбе, нахуст роҳбарияти суд ваксина гузаронида, сипас судяҳо ва ҳамаи кормандони дастгоҳи суд ваксина гирифтанд.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Коршинос гуфт, пас аз чанд вақт бояд эмшудаҳо дубора алайҳи COVID ваксин гиранд
Ин дар ҳолест, ки ахиран Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо COVID-19 дар Тоҷикистон, ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус барои шаҳрвандони синни аз 18-сола болои мамлакат ҳатмӣ мебошад.

"Нафароне, ки ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус нагирифтаанд, ҳатман ба табибони оилавӣ ва ё ба муассисаҳои тандурустии маҳали зисташон муроҷиат намоянд. Ваксина ба шаҳрвандони мамлакат тариқи ройгон гузаронида мешавад", - омадааст дар муроҷиатнома.

Маъракаи ваксинагирӣ дар Тоҷикистон моҳи марти соли равон оғоз шуда, феълан идома дорад.