"Ёди модар гиромӣ бод": таъзияи Вазорати фарҳанг ба Афзалшо Шодиев

Вазорати фарҳанг ба Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, Афзалшо Шодиев дар робита ба даргузашти модараш сабру таҳаммул хостааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 июл – Sputnik. Ба Афзалшо Шодиев, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон ва директори Муассисаи давлатии Ансамбли тарона ва рақси "Сомон" аз номи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон таъзия баён шудааст.
Шодиев имрӯз модари 84 - солаи худро аз даст дод. Аз ин рӯ, Вазорати фарҳанг ба ҳунарманди машҳур тасаллияту ҳамдардӣ изҳор дошта, ба кулли пайвандони ӯ сабри ҷамил хостааст.
Мотам дар хонаводаи Афзалшо Шодиев: модари овозхон даргузашт
Вазорат дуо намудааст, ки "рӯҳи марҳум шод ва ёдаш гиромӣ бошад".
Ёдовар мешавем, Моҳбону Раҳмонова модари 84 - солаи Афзалшо Шодиев имрӯз аз олам чашм пӯшид.
Яке аз пайвандони Афзалшо Шодиев бо таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Раҳмонова аз ҳеҷ беморӣ ранҷ намекашид.
“Аз ягон беморӣ шикоят надоштанд, балки пойи равон мегаштанд. Ин субҳ, рӯзашон буд шуду бандагӣ карданд”, - гуфт манбаъ.
Ҷанозаи Моҳбону Раҳмонова баъд аз зуҳри имрӯз дар деҳаи Ғусари ҷамоати ба номи Лоиқ Шералӣ ба хок супорида шуд.