ДУШАНБЕ, 6 июл – Sputnik. Гумонбари куштори духтараки 8-сола дар ноҳияи Рӯдакӣ Руфейда Иноятоваро боздошт карданд, хабар дод ба Sputnik Тоҷикистон сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон Нусратулло Маҳмадзода.
Бино бар иттилои пешакӣ, марди боздоштшуда ҳудудан 30-сола аст.
Манбаъ тафсилоти бештарро ироа накард ва танҳо қайд кард, ки тафтишотро Мақомоти прокуратураи ноҳияи Рӯдакӣ мебарад.
Ёдрас мешавем, 3 июл наздикони духтарак дар шабакаҳои иҷтимоӣ кӯмак хостанд, ки дар пайдо карданаш мусоидат кунанд: духтарак ба ҳоҷатхонае, ки дар кӯча будааст, баромадаву барнагаштааст.
Аммо аммаи Руфейда 4 июл дубора хабар дод, ки ҷасади ӯро дар наздикии манзили зисташон пайдо карданд.
Имрӯз аммаи духтарак, аз номи Руфейда ҳодисаи даҳшатбори таҷовуз ва куштори ӯро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нақл кардааст.
Бино бар иттилои вай, гумонбари куштори Руфейда Иноятова, Раҳматулло ном ҳамсоя ва дӯсти хонавода ва падари дугонаҳояш будааст.
Гуфта мешавад, вақте духтарак ба кӯча мебарояд, мард ӯро бо роҳи фиреб ба манзили худ мебарад ва нахуст таҷовуз мекунад сипас ӯро ба қатл расонида, аъзои баданашро реза кардаву дар халтаҳо ҷой дода, пинҳон мекунад.
Ин ҳодисаи гӯшношунид корбарони шабакаҳои иҷтимоиро ба даҳшат овардааст.
Занони фаъол аз раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дархост кардаанд, ки қазияро пурра таҳти назорати худ бигарад.