Раҳмон Назарбоевро шодбош кард ва аз саҳми ӯ дар муносиботи Тоҷикистону Қазоқистон гуфт

Эмомалӣ Раҳмон аз саҳми назарраси Назарбоев дар рушди муносибатҳои Тоҷикистону Қазоқистон ёдовар шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 июл – Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахуст Президенти Қазоқистонро бо ҷашни зодрӯз муборакбод кард.
Котиботи роҳбари давлат менависад, Эмомалӣ Раҳмон, Назарбоевро дар як тамоми телефонӣ табрик намуд. Ҳамчунин кишвардори Тоҷикистон унвонии Назарбоев барқияи табрикотӣ низ ирсол намудааст.
Манбаъ меафзояд, Эмомалӣ Раҳмон зимни тамоси телефонӣ аз саҳми арзандаи Нурсултон Назарбоев дар рушди муносибатҳои Тоҷикистону Қазоқистон таъкид кард.
Путин бо Мирзиёев вазъи Афғонистонро баррасӣ кард
Зимнан, пас аз суханҳои муборакбодӣ, ҷонибҳо атрофи ҳолати кунунӣ ва дурнамои шарикии стратегии Тоҷикистону Қазоқистон ибрози ақида намуда, баъзе масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавиро муҳокима карданд.
Аз ҷумла, Эмомалӣ Раҳсон бо Нурсултон Назарбоев вазъи феълии Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро баррасӣ кард.
Маврид ба зикр аст, ки Нурсултон Назарбоев нахустин президенти Қазоқистон имрӯз 81 - сола шуд. Ба ин муносибат раисиҷумҳурони зиёд зимни тамоси телефонӣ ва ё бо ирсоли мактуби шодбошӣ ӯро муборакбодӣ намудаанд.