ДУШАНБЕ, 6 июл – Sputnik. Владимир Путин ва Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд. хабар медиҳад котиботи Кремл.
Раисиҷумҳурон вазъияти феълии Афғонистонро баррасӣ карданд.
"Сарони давлатҳо оид ба масъалаҳои минтақавӣ, пеш аз ҳама дар заминаи шиддат ёфтани вазъ дар Афғонистон мубодилаи афкор карданд ва дар бораи тамосҳои минбаъда ба мувофиқа расиданд", - гуфта мешавад дар хабари Кремл.
Ёдовар мешавем, қаблан Владимир Путин бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ суҳбати телефонӣ баргузор кард.
Дар ҷараёни суҳбат раисиҷумҳурон мавзӯи марзро баррасӣ карданд.
"Дар робита ба ин, масъалаҳои тақвияти ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон, инчунин расонидани ёрии моддию техникӣ ва кӯмак ба нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар ин масъала баррасӣ шуданд", - навишта буд котиботи Президенти Тоҷикистон.
Манбаъ меафзояд, дар ин замина, Президентҳои Тоҷикистон ва Русия вазъи кунунии ташвишовар дар вилоятҳои шимолӣ ва шимолу шарқии Афғонистонро, ки бо Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамсарҳад мебошанд, ҳамаҷониба муҳокима намуданд.
Бо мақсади пешгирии таҳдидҳои мавҷуда ба амнияти минтақавӣ, муҳимияти қадамҳои муштараки минбаъда ҷиҳати таҳкими ҳамкории мақомоти салоҳиятдор ва вазорату идораҳои марбутаи ду кишвар ҳам дар заминаи дуҷониба ва ҳам бисёрҷониба зикр карда шуд.
Сарони давлатҳо зикр карданд, ки қисмати сарҳади Тоҷикистону Афғонистон аз ҷиҳати таъмини амнияти марзҳои ҷанубии СААД ва Иттиҳод аҳамияти стратегӣ дорад.