ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Дар давоми чор моҳи оянд, боз 22 мутатсияи COVID буруз хоҳад, изҳор доштанд олимони ширкати Vir Biotechnology ва Институти геномик ва тибби эволютсионии Донишгоҳи Темпл дар таҳқиқоти худ, ки портали medRxiv онро нашр намудааст.
Мутахассисон пешгӯии тағиротро дар сафедаи SARS-CoV-2 омӯхтанд - маҳз ин қисми вирус ба организм зарар мерасонад.
Баъзе аз 22 мутатсия метавонанд муҳофизати антителаҳоро коҳиш диҳанд, ин вариантҳои вирус ба таври оммавӣ дар тамоми сайёра паҳн хоҳанд шуд, пешг=ь мекунанд олимон.
Қаблан, ин мутахассисон тавонистанд пайдоиши мутатсияҳои аллакай маълумро, аз ҷумла варианти ҳинди ("делта") - ро пешгӯӣ кунанд. Онҳо дар асоси модели махсуси математикӣ пешгӯиҳо мекунанд. Олимон гуфтанд, метавонанд пайдоиши мутатсияҳои COVID-ро панҷ моҳ пеш аз паҳн шудан дар саросари ҷаҳон пешгӯӣ кунанд.