Муҳриддин дар Ню - Йорк бо Женмин аз иқдоми саривақтии Эмомалӣ Раҳмон гуфтанд

Ҷонибҳо иқдоми Эмомалӣ Раҳмонро дар шароити имрӯзаи ҷаҳон саривақтӣ номиданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 июл – Sputnik. Дар шаҳри Ню - Йорки Амрико Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, Лю Женмин вохӯрӣ ва мулоқот доир намуд.
Котиботи Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Департаменти СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ. аз ҷумла масъалаҳои обу иқтим мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи махсуси СММ иштирок ва суханронӣ кард
Зимнан, Сироҷиддин Муҳриддин ва Лю Женмин ба масъалаи иштироки фаъоли Тоҷикистон дар чорабинии муҳими қарибулвуқӯи Муколамаи сатҳи баланд оид ба энергетика низ таъкид намуданд.
Манбаъ меафзояд, ҷонибҳо иқдоми раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи эълон кардани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ёдовар шуда, онро дар шаротити имрӯза бисёр саривақтӣ ва муҳим арзёбӣ намуданд.
Гуфта мешавад дар фарҷоми мулоқот Муҳриддин ва Женмин ба идома додани ҳамкориҳои самарабахш таъкид намуданд.