Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?

Коршинос: ихтилоф байни толибон боиси шикаст мешавад

Чаро толибҳо аз хоки Афғонистон фаротар намераванд? Ба ин суол коршиноси низомӣ Владимир Евсеев посух дод
Sputnik
Коршиноси низомӣ ва мудири шӯъбаи ҳамгироии авруосиёии СҲШ-и Пажӯҳишгоҳи кишварҳои ИДМ Владимир Евсеев дар мусоҳиба бо Sputnik тавзеҳ дод, ки чаро таҳдиди толибон барои кишварҳои Осиёи Марказӣ метавонад муболиға бошад.
Коршинос изҳор дошт, ки дар дохили роҳбарияти Толибон (ҷунбиши экстремистӣ мамнӯъ дар Тоҷикитсон ва Русия - идора) ихтилофи зиёда ба назар мерасад.
"Қисме аз роҳбарияти ҳаракат ҷонибдори ба роҳ мондани муносабтҳо бо мақомоти расмӣ, аз ҷумла бо президент Ашраф Ғанӣ буда, қисми дигар бар он аст, ки бояд ҳукуматро ғасб кард",- тавзеҳ дод Евсеев.
Толибон: фароянди сулҳ дар рӯзҳои оянда суръат хоҳад гирифт
Сиёсатшинос афзуд, ки боқимондаҳои нерӯҳои низомии хориҷии дар Афғонистон ва ташаккули "Эътифоли шимолии -2", ки шояд ба он Русия, Эрон ва Ҳиндустон кӯмак кунанд, пеши роҳи толибон мешаванд.
"Гуфтан дар бораи он, ки ба наздикӣ ҳаракати Толибон метавонад тамоми Афғонистонро ба даст биёрад, интизории аз ҳад зиёд аст", - таъкид кард ҳамсӯҳбати Sputnik.
Ба гуфтаи коршинос, шумораи виласволиҳои забткардаи толибҳо назар ба мусоҳати Афғонистон ночизанд, аммо қариб ки ҳамаи он минтақаҳо дар шимоли Афғонистон, яъне дар марз бо Тоҷикистон қарор доранд.
Коршинос афзуд, ки феълан вазъ дар марзи Афғонистону Туркманистон номуайян аст. Аммо Тоҷикистон ва Ӯзбекистон артиши қавӣ доранд ва метавонанд ба кӯмаки Русия умед банданд.