ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Забти Афғонистон аз ҷониби Толибон вақт мехоҳад, мегӯяд собиқ роҳбари хадамоти махсуси Исроил, коршиноси соҳаи силоҳ ва геополитика, Яков Кедмӣ.
Ба ақидаи ӯ, пас аз суқути Кобул ҷангиён ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамла хоҳанд кард, ки ин ба амнияти Русия таҳдид мекунад.
"Мо бояд бо онҳо мубориза барем (Толибон - таҳрир), зеро фардо Толибон тамоми Афғонистонро ба даст мегиранд - ин танҳо вақт мехоҳад. Пас онҳо роҳ самти шимолро пеш мегиранд. Кӣ онҳоро бозмедорад? Артиши Ӯзбекистон ? Оё артиши Тоҷикистон метавонад бо онҳо муқовимат кунад?" - суол гузошт коршиноси исроилӣ зимни мизи мудаввар оид ба хуруҷи нерӯҳои ИМА аз Афғонистон.
Яков Кедмӣ аз Русия даъват кард, ки ба изҳорот дар бораи он, ки Толибон ба кишварҳои ҳаммарз бо Афғонистон ҳамла карданӣ нестанд, эътимод накунад.
"Онҳо метавонанд ба як каме хомӯшии муваққатӣ бираванд, аммо ҳеҷ гоҳ ба сулҳ намерасанд. Онҳо тамоми минтақаҳое, ки мусалмоннишин ҳастанд ва бештар сокинони шиамазҳабро доранд, ҳамла мекунанд", - илова намуд ӯ.
Бояд гуфт, ки ҳамалоти Толибон дар Афғонистон пас аз хуруҷи низомиёни амрикоӣ қавитар шуд.
Ҳоло давоми чанд ҳафта задухӯрди шадид миёни ҷангиёни Толибон ва неруҳои Афғонистон идома дорад, ки дар ин набар Толибон фаъолтар буда, аз 28 ноҳияи музофоти Бадахшон аллакай 18 ноҳияро забт намуданд.
Дар умум бошад, сар аз моҳи май ҳудуди 150 ноҳияи Афғонистон ба тобеияти Толибон гузашт.
* созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия