ДУШАНБЕ, 6 июл – Sputnik. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво камабр ва тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад, хабар медиҳад Ожонсии ҳавошиносии Тоҷикистон.
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 11+16 ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят дамои ҳаво шабона 1+6 дараҷа гарм ва рӯзона 13+18 дараҷа мешавад.
Ҳавои вилояти Суғд низ камабр ва тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борон мебораду раъду барқ ба амал меояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона 19+24 ва рӯзона 36+41 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 7+12 дараҷа гарм ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад.
Вале дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш пешбинӣ шудааст.
Ҳаво дар водиҳо шабона 22+24 ва рӯзона 40+45 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 18+23 ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ, ҳаво камабр ва тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши сусти борон пешбинӣ шудааст.
Дар баъзе ноҳияҳо раъду барқ ба амал меояд.
Ҳаво рӯзона аз 37 то 42 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 11+16 ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм мешавад.
Ҳавои шаҳри Душанбе ҳаво камабри бебориш мешавад. Ҳарорат шабона 21+23 ва рӯзона 39+41 дараҷа гарм мешавад.