ДУШАНБЕ, 6 июл – Sputnik. Яке аз пайвандони Афзалшо Шодиев бо таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Раҳмонова зоҳиран аз ҳеҷ беморие ранҷ намекашид ва имрӯз ҷон ба Ҳақ таслим намуд.
“Аз ягон беморӣ шикоят надоштанд, балки пойи равон мегаштанд. Ин субҳ, рӯзашон буд шуду бандагӣ карданд”, - гуфт манбаъ.
Бино ба иттилоъи манбаъ қарор аст, имрӯз соати 14:00 баъд аз зуҳр баъд аз намози ҷанозаи Моҳбону Раҳмонова дар деҳаи Ғусари ҷамоати ба номи Лоиқ Шералӣ дар шаҳри Панҷакент ба хок супурда шавад.