Дар Турсунзода падар писари 30 - солаашро корд зад

Марди 30 - сола, ки аз дасти падари худ корд хӯрд, феълан дар бемористон бистарӣ аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Дар шаҳри Турсунзода як муноқишаи оилавӣ ба коркашӣ анҷомидаст, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи нохуш бегоҳи 2 июл, тахминан соати 19:00 дар ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода рух додааст.
Гуфта мешавад, муноқиша миёни падару писар сурат гирифтааст ки дар натиҷа падар бо корди ошхонагӣ як маротиба ба қисмати чапи шиками фарзанди худ зарба расондааст.
Боздошти ҷавони 21- сола, ки хоҳару додари ҳамсарашро корд зад
"Марди 30 - сола ҷароҳати ҷисмонӣ бардошт ва феълан дар бемористон бистарӣ аст", - омадааст дар хабари манбаъ.
Ҳамзамон Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз як ҳодисаи ба ин монанд дар ноҳияи Спитамен хабар медиҳад.
Манбаъ меафзояд, ин навбат ҷавони 25 - сола аз рӯи хусумату бадбинӣ ба манзили марди 50 - сола даромада, ба саломатии ӯ зарари миёна расондааст.
ВУД Тоҷикистон тавзеҳ медиҳад, ки ҳоло нисбати ҳар ду ҳодисаи рӯхдода тафтишот идома дорад.