Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон

Тағйироти кадрӣ дар Оҷонсии зидди фасод: Раҳмон ба кӣ вазифа доду киро сабукдӯш кард

Эмомалӣ Раҳмон раисиҷумҳури Тоҷикистон бо судури чанд фармон кадрҳои Оҷонсии зидди фасодро ҷо ба ҷо кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз дар Оҷонсии зидди фасод тағйироти кадрӣ амалӣ намуд.
Ба иттилои котиботи президенти Тоҷикстон, бо чанд фармони Эмомалӣ Раҳмон, муовинони директори Оҷонсии зидди фасод аз вазифа сабукдӯш ва ба ҷойи онҳо кадрҳои дигар таъйин карда шуданд.
Аз ҷумла, бо фармони роҳбари давлат, Аҳмадзода Музаффар муовини якуми директори Оҷонсии мазкур аз вазифа барканор гардид.
Мақоми нави домоди раисиҷумҳур ва писари Шералӣ Гул
Дар фармоне, ки котиботи президент онро нашр намудааст, Аҳмадзода курсии муовини якуми директори оҷонсиро холӣ намуда, муовини директори Оҷонсии зидди фасод таъйин гардид.
Ҳамзамон, бо фармони дигари Эмомалӣ Раҳмон, Сафарзода Суҳроб низ аз вазифаи муовини директори оҷонсӣ озод карда шуд. Ӯ ба курсие такя зад, ки Аҳмадзода онро тарк кард.
Манбаъ меафзояд, Эмомалӣ Раҳмон, инчунин Саидшозода Ҷамшед Сафаралиро низ аз вазифаи муовини директор озод кард. Сабаби барканории Саидшозода гузаштан ба кори дигар гуфта мешавад.
Бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, Талбакзода Сулаймон Талбак муовини директори Оҷонсии зидди фасод таъйин карда шуд.