Захмӣ шудани як шаҳрванди Ӯзбекистон дар пайи садамаи калон дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд

Ҳамчунин дар пайи ин тасодум як нафар ҷон додааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 июл - Sputnik. Дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд дар пайи рух додани садамаи калоне - бархӯрди ду боркаш ва як автомашина як шаҳрванди Ӯзбекистон ҷароҳат бардошта, як тан ҳалок шуд, хабар медиҳад Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъ, ҳодиса 3 июл дар ҳудуди ин шоҳроҳ дар қисмати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рух додааст.
Манбаъ менависад, тахминан саоти 22:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи "КАМАЗ", Мирзоев Тоирхуҷа Акбархуҷаевичи 37-сола 1984, сокини ҷамоати деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи "Чанок-Хуҷанд-Душанбе", дар ҳудуди ноҳияи Б.Ғафуров бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавонистааст.
Бархӯрди маргбор: ҳалокати нолобиғ ва ҷароҳати ду наврас дар садама
Дар натиҷа ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи "Тайота-Кемри", таҳти идораи ронанда Обидов Маҳмадобид Азизмаҳмадович, соли таваллудаш 1994, сокини ноҳияи Мастчоҳ, бархӯрдааст.
"Баъдан, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, бо автомашинаи тамғаи "Синотрак", таҳти идораи ронанда Ҷуманов Шаҳзод Хайрулла-Уғлӣ, соли таваллудаш 1998, сокини шаҳраки Ҷизахи вилояти Ҷизахи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, бархӯрдааст", - тавзеҳ медиҳад ВКД Тоҷикистон.
Ҳалокат дар роҳ: рух додани ду садамаи маргбор дар як рӯз дар Тоҷикистон
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи "Тайота-Кемри", Обидов М.А. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ронандаи автомашинаи тамғаи "Синотрак", Ҷуманов Ш.Х. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Тафтишоти ҳодиса идома дорад.