Роҳи мошингарди маркази шаҳри Истаравшан бозсозӣ мешавад

Мақомоти шаҳри Истаравшан бо мақсади пешгирӣ аз тамбашавӣ, садамаҳои нохуш, инчунин таъмини ҳаракати озоди воситаҳои наклиёт тасмим гирифтааст, роҳи мошингарди хиёбони Исмоили Сомонӣ-Шонатарошон-Гули Сурхи шаҳрро навсозӣ кунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 июл - Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти мацомоти шаҳри Истаравшан, бо дастгирии соҳибкорон роҳи самти чапи сойи “Зарринруд” аз назди ҶСК “Хуросон” то шаҳраки Гули Сурх васеъ хоҳад шуд.
Ба иттилои манбаъ, дар ин масир ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз деҳаи Шонатарошон тавассути пули дарозиаш 40 метра ба шаҳраки Гули Сурх сурат мегирад.
“Сохтмони пул айни замон дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошта, то имрӯз 250 метри роҳи мазкур васеъ карда шудааст”, - зикр намудааст манбаъ.
Бояд қайд кард, ки чанде пеш дар кӯчаи ба номи Мумин Иброҳимови маҳаллаи Курушкадаи шаҳри Истаравшан ба мумфаршкунии роҳи мошингард оғоз карданд.
Сохтмони роҳи автомобилгарди Кизилқалъа-Бохтар 1 июл оғоз меёбад
Дарозии роҳ якҷо бо кӯчаҳои ҳамшафати он наздики 1 км ва паҳноии он 9 метрро ташкил медиҳад.
Дар оғози корҳои асфалтпӯшкунии роҳи кӯчаи мазкур раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода ва собиқадорону сокинони маҳалла иштирок намуданд. Дар кӯчаҳои дигари маҳаллаи мазкур низ сокинон тасмим гирифтаанд, ки то ҷашни ваҳдати миллӣ мумфаршкунии роҳи мошингарди кӯчаҳояшонро ба анҷом бирасонанд.
Ёдрас мешавем, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Истаравшан бунёди 450 иншоот дар назар дошта шудааст. Аз ин шумора зиёда аз 270-тои он мавриди истифода қарор гирифтаанд.