ДУШАНБЕ, 5 июл - Sputnik. Модарарӯси раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Узбекбӣ Асадуллоева даргузашт, хабар медиҳад, манобеи Sputnik Тоҷикистон.
Ёдрас мешавем, пештар манобеи Sputnik Тоҷикистон бистарӣ шудани Узбекбӣ Асадуллоеваро бо аломатҳои “вируси корона” дар Пажӯҳишгоҳи гастроэнтология таъйид карданд.
Мавсуф 88-сол дошт ва модари Азизамоҳ Асадуллоева, ҳамсари Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳасан Асадуллозода, раиси “Ориёнбонк” буд, ки як ҳафтаи ахир таҳти муроқибати пизишкон қарор дошт.