Дар Мазори Шариф консулгарии се кишвар баста шуд

Ҳамаи кормандони консулгарии Эрон, Туркия ва Покистон, ки дар Мазори Шариф фаъолият мекарданд, ба Кобул оварда шуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Дар шаҳри Мазори Шарифи Афғонистон дари конгсулгарии Туркия, Покистон ва Эрон баста шуд, менависад РИА Новости.
Ба иттилои манбаъ, ҳукумати музофоти Балх амнияти намояндагони ин се кишварро таъмин карда натавонист. Аз ин рӯ, ҳамаи онҳо ба Кобул оварда шуданд.
Дар ҳамин ҳол, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Қазоқистон низ ба хотири таъмини амният додани раводид ба шаҳрвандони Афғонистонро маҳдуд намуданд.
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Мақомоти Афғонистон: ҷобаҷоии нерӯҳо ба маънии суқути шаҳристонҳо нест
Сафорати Амрико дар Кобул ҳам эълом намудааст, ки баста намешаванд, вале сафи кормандонро ба маротиб коҳиш хоҳад дод.
Маврид ба зикр аст, ки дар робита ба ноамниҳои ахир дар Афғонистон наздики 1000 низомии он кишвар барои наҷот ёфтан аз дасти Толибон* ба хоки Тоҷикистон фирор намуданд.
Рӯзи гузашта, КДАМ -и Тоҷикистон эълон кард, ки сарҳадбонони тоҷик ба низомиёни афғон имкони гузаштан ба марзи Тоҷикистонро фароҳам оварданд.
Феълан вазъият дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон нигаронкунанда аст ва гуфтушунидҳо бо Толибон то ҳол натиҷа надодааст.