ДУШАНБЕ, 5 июл - Sputnik. Дина Саева, блогери маъруфи зодаи Тоҷикистон дар Русия дар сафҳааш дар Инстаграм аксҳои навашро нашр кардааст.
Ин аксҳо, ки бидуни шарҳ нашр шуда буданд ва дар он Саева дар тан либоси нимбараҳнае дошт, боиси вокуниши шадиди бадбинонаш гаштаанд.
Либос бештар ба шабпӯшак монанд аст ва ба назар чунин мерасад, ки пурра омода нашуда, духтар онро ба бар кардааст.
Дар ҳамин ҳол, дар деворе, ки назди он Дина акс гирифтааст, расми "Одаму Ҳаво"-ро кашида буданд, ки дар дасташон меваи мамнӯъро доштаанд.
Зоҳиран мақсади Дина Саева аз ин амал вокуниш ва таваҷҷӯҳи корбарон аст, ки блогерон доим ба он ниёз доранд.
Блогер ба мақсадаш ҳам расидааст, чун пас аз нашри ин аксҳо ба "сари" Саева борони танқиду тавсифҳо рехтанд: бархеҳо ӯро беҳаё мегуфтанд, бархеи дигар ҷасур.
Дина Саева ба шарҳҳои зиёди зери акс вокунише нишон надодааст.
Ёдрас мешавем, пештар Дина Саева хабар дода буд, эҳтимол дорад ӯро аз шаҳрвандии Русия маҳрум созанд.
Дина Саева 21 сол дорад. Номи аслии ӯ Мадина Басаева буда, маликаи ояндаи ТикТоки Русия дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон дар як хонаводаи фақирранг ба дунё омадааст ва ҳамроҳи падару модару дигар аъзои оилаашон (Дина фарзанди калонӣ аст) ба Екатеринбурги Русия кӯчидаанд.
Дина ҳамагӣ се сол пеш дар McDonald’s кор мекард ва дар риштаи ҳуқуқи донишгоҳ таҳсил мекард. Ӯ роҳаш ба сӯи қуллаҳои шӯҳратро аз лаб ҷунбондан дар ҳавои таронаҳои маъруф ва нашри чунин видеоҳо дар Ютуб нашр карда буд.
Имрӯз Дина Саева бо брендҳои машҳуре, чун Coca-Cola, Dolce&Gabbana қарордод баста, дар клипҳои Егор Крид нақши асосиро иҷро мекунад ва дар байни мардум бидуни муҳофиз намегардад. Ба ҳисоби Forbes, ин духтари тоҷик ҳоло ҳар моҳ дар TikTok 800 ҳазор рубл кор мекунад. Шумори пайравониӯ дар ин шабака ҳанӯз як сол пеш аз 16 миллион гузашта буд.
Дина Саева солҳои пеш бо чанде аз ҷавонони тоҷик низ вориди баҳсҳои шадид шуда буд.
Мунтақидони тоҷикаш тарзи либоспӯшӣ ва рафтори Дина Саеваро берун аз ҳадди одоби хоси як духтари мусалмон номида, аз вай даъват мекарданд, ки худро ислоҳ кунад. Вале Дина Саева мегуфт, касеро иҷозат намедиҳад, ки ба тарзи зиндагиаш дахолат кунад ва ӯро панд диҳад.