ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Оҷонсии зидди фасод аз боздошти як корманди Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар гирифтани ришва муттаҳам дониста мешавад.
Ба иттилои дафтари матбуоти ин ниҳод, боздоштшуда Муродализода М.М. муовини сардори Шӯъбаи бақайдгирии имтиҳоноти Раёсати БДА Вазори умури дохилаи Тоҷикистон мебошад.
Гуфта мешавад, номбурда барои омода намудани шаҳодатномаи ронандагии дараҷаи "В" аз як корафтода 3800 сомонӣ талаб намудааст.
Манбаъ меафзояд, муовини сардори шӯъбаи мазкур хост тавассути як бозрас бо номи Юнусов У.Ҳ маблағи дархостиро ба даст орад, аммо аз ҷониби кормандони Оҷонсии зидди фасод боздошт гардид.
Феълан, нисбати боздоштшуда бо моддаи 319 қисми 1 ва нисбати бозрас бо моддаҳои 36 қисми 5 ва 319 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст.
Оҷонсии зидди фасод мегӯяд, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ, парвандаи ҳар ду боздоштшуда ба суд ирсол мешавад.