ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Арзиши кумакҳои ирсолӣ ба Тоҷикистон дар муқоиса бо апрели ва майи соли гузашта низ 1 миллиону 500 ҳазор доллар камтар аст, иттилоъ додааст радиои тоҷикии Садои Хуросон.
Тибқи иттилои манбаъ, Тоҷикистон аз ибтидои соли ҷорӣ то кунун ҳам 25.4 миллион доллар кумаки башардӯстона дарёфт кардааст.
Таи панҷ моҳи аввали соли ҷорӣ 28 кишвар ҳудуди 8 ҳазор тон анвоъи таҷҳизоти пизишкӣ, колои доруӣ ва маводи ғизоӣ ба Тоҷикистон ирсол карданд.
Ҳамчунин аз оғози имсол то кунун Чин 31 дарсад, Русия 17 дарсад, Ҳинд 16 дарсад, Иёлоти Муттаҳида 7 дарсад, Ҷопон 6 дарсад, Кория 4 дарсад, Швейтсария ва Белгия 3 дарсад, Олмон 3 дарсад, Ҳоланд 2 дарсад ва Италия 1 дарсад аз саҳми кумакҳои башардӯстона ба Тоҷикистонро ба худ ихтисос доданд.