ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Ҷасади Руфейда Иноятова, духтараки 8-соларо дар ноҳияи Рӯдакӣ каме дуртар аз манзили зисташон пайдо карданд.
Дар бораи нопадид шудани як духтарак дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳамагӣ як рӯз пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ эълон нашр шуд. Аммо, имрӯз, мутаассифона, пайвандони Руфейда Иноятова хабар доданд, ки духтаракро мурда пайдо карданд.
"Тафсилоти ҳодисаро феълан нашр намекунем ва ҳатто намедонем. Ҳаминашро мегӯем, ки ҷасад каме дуртар аз манзили додарам пайдо шуд",- навиштааст аммаи духтарак Саида Иноятова.
Ба гуфтаи вай, дирӯз Руфейда ба ҳоҷатхонае, ки дар куча, назди манзилашон будааст, баромадаву барнагштааст.
Ба иттилои хешовандони Руфейда Иноятова, мақомоти милиса ҳодисаро тафтиш мекунанд. Аммо бархе корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, духтарак ба ҳоҷатхона афтида, нафасгир шудааст.
Феълан Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон расман дар ин бора иттилое надодааст.