Асадулло Раҳмон ва Қурбон Ҳакимзода дар Данғара хатти обу роҳ кушоданд

Дар ноҳияи Данғара як зумра иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Имрӯз бо иштироки раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва роҳбари гурӯҳи кории омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлол дар ноҳияи Данғара Асадулло Раҳмон дар ҷамоати деҳоти Сангтудаи ноҳияи мазкур 11 километр роҳи мошингард ба истифода дода шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон гузориш медиҳад.
Бино бар иттилои манбаъ, дар ин ноҳия сохтмони як зумра иншооти дигари ҷашнӣ, ки бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ сурат мегиранд, оғоз гардиданд.
Роҳи мошингарди ҷамоати деҳоти Сангтуда дар фурсати кутоҳ ва ҷавобгӯ бо стандартҳои ҷаҳонӣ сохта шуда, ронандагон гуфтанд, "акнун роҳи 40 дақиқаро дар 20 дақиқа бе мушкилӣ тай мекунем", - афзудааст манбаъ.
Сохтмони хати оби нӯшокӣ барои чорво ва сокинон дар деҳаи Навобод
Дар ин рӯз, ҳамзамон татбиқи лоиҳаи сохтмони хати оби нӯшокӣ барои чорво ва сокинон дар деҳаи Навобод оғоз гардид.
Хати оби нӯшокӣ барои 377 оила пешбинӣ гардида, тасмим гирифта шудааст, ки дар наздиктарин фурсат деҳаҳои атроф низ бо об таъмин карда шаванд.
Роҳбари гурӯҳи кории омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара Асадулло Раҳмон миннатдории хешро ба соҳибкорон расонидааст.