ДУШАНБЕ, 4 июл – Sputnik. Субҳи 4 июл, тахминан соати 07.00 ҳавопаймои АН-2 - 12 километр дуртар аз деҳаи Караултобе дар шаҳри Қизилурда ба садама дучор шуд.
Ҳавопаймо ҳангоми коркарди майдонҳои шолӣ суқут кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Қазоқистон.
Тибқи иттилои манбаъ, ҳавопаймо чанд километр пас аз парвоз, бинобар нуқси техникӣ ҳангоми фуруди изтирорӣ, рост ба замин афтодааст.
Дар киштии ҳавоӣ ду халабон яке 67 - сола ва дигаре 54 - сола будаанд.
Гуфта мешавад, ки онҳо ба беморхона интиқол дода шуданд.
Тибқи маълумоти пешакӣ, ҳолати кунуни халабонон қаноатбахш арзёбӣ мешавад.
Манбаъ афзуда, ки ин ҳавопаймо ба ҶДММ "Элиса" тааллуқ доштааст.