ДУШАНБЕ, 4 июл – Sputnik. Дар шаҳри Нур-Султон ва Туркистон ду пайкараи президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев гузошта шуд.
Дар маросими ифтитоҳи тандис дар шаҳри Нур- Султон худи кишвардори кунунӣ Қосим Ҷомарт Тоқаев низ ширкат кард.
Баландии муҷассамае, ки дар маркази шаҳри Туркистон гузошта шудааст, 4 метр, буда, баландии кӯҳи дап паси пайкара буда 2,70 метр аст. Муаллифи пайкараи биринҷӣ рассоми шоистаи Қазоқистон, узви Иттифоқи рассомони ҷумҳурӣ Тлеуберди Бинаш мебошад.
"Муаллиф лаҳзаеро тасвир мекунад, ки президенти пешин ба даштҳои беканори доманакӯҳи Қаратау аз наздик менигарад. Таркиб ва шакли ҳайкал тасодуфӣ интихоб нашудааст ва рамзи як марди сатҳи ҷаҳонӣ аст, ки аз миёни мардуми оддӣ баромадааст", - гуфта мешавад дар паём.
Ташаббускори гузоштани тандис дар Туркистон соҳибкор Болатбек Алиев будааст, хабар медиҳад Sputnik Қазоқистон бо такя ба мақомот.
Илова бар ин, маъмурияти Туркистон дар байни сокинони маҳаллӣ барои гузоштани муҷассама пурсиш гузаронидааст, ки мувофиқи он: 93% изҳор доштанд, ки ин ташаббусро дастгирӣ мекунанд, 4,5% посухгӯяндагон мухолиф будаанд ва 2,5% бетарафиии худро иброз доштаанд.
Ҳамчунин, рӯзи 3 июл дар Нур-Султон низ муҷассамаи Элбасӣ кушода шуд - он дар ҳудуди боғи ба наздикӣ ифтитоҳёфтаи пойтахт дар чорроҳаи кӯчаҳои Алихон Бокейхон ва Керей, Ҷонибек Хандар ҷойгир аст.
Тандиси Нурсултон Назарбоев дар шаҳри Нур-Султон
© Хадамоти матбуотии президенти Қазоқистон
Дар ин ҷо Нурсултон Назарбоев дар курсӣ нишастааст. Дар ифтитоҳи муҷассама Президенти Қазоқистон Қосим Ҷомарт Тоқаев ширкат варзид.
Қаблан Нурсултон Назарбоев ба насби муҷассамааш дар Туркистон мухолифат карда буд. Рӯзи 6 июл Нурсултон Назарбоев зодрӯзашро ҷашн мегирад, вай 81-сола мешавад. Инчунин 6 июл дар Қазоқистон Рӯзи пойтахт таҷлил карда мешавад.