Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Пизишк нишонаи даҳшатовари штамми ҳиндии вируси коронаро гуфт

Бо мутатсия шудан, коронавирус баъзе аз нишонаҳои маъмулии худро аз даст медиҳад, аммо аломатҳои дигари фоҷиаборро мегирад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 июл – Sputnik. Зӯҳро Павлова, номзади илҳои тибб ва муаллифи шабакаи Telegram "Доктор Павлова" дар бораи нишонаҳои хоси штамми ҳиндии коронавирус сухан гуфт.
Шарҳи пизишкро шабакаи Telegram Radio Sputnik иқтибос овардааст.
Сабукӣ ба донишҷӯёне, ки ваксин мегиранд: пули шартномаро камтар месупоранд
Павлова тавзеҳ медиҳад, ки аломатҳое ба монанди вайроншавии кори рӯдаю меъда ҳанӯз соли 2020 ба қайд гирифта шуда буд, аммо камтар дучор мешуд.
"Агар кори рӯдаю меъдаи инсон заиф бошад, албатта, вокуниш нишон медиҳад, ҳатто агар дар дигар беморон чунин вазъ дида нашвад. Ва мо набояд фаромӯш кунем, ки 80% бофтаи системаи масуният дар рӯда ҷойгир аст ва зимни беморӣ ин низом албатта вокуниш хоҳад кард", - шарҳ дод коршинос.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Вазъи даҳшатовари коронавирус дар Қазоқистон: 3000 гирифторӣ ва 31 фавт дар як рӯз
Аммо, Павлова як нишонаеро номбар кард, ки танҳо дар навъи "ҳиндӣ" -и коронавирус сабт шудааст. Ва он воқеан даҳшатовар аст, гарчанде то ҳол зиёд ба қайд гирифта нашудааст.
"Штамми ҳиндӣ бо он нишонае, ки дар дигар навъи вируси корона нест, фарқ мекунад, масалан, маҳрум шудан аз шунавоӣ", - гуфт табиб.
Ёдовар мешавем, ки пас аз як қатор мутатсияҳо, коронавирус баъзе нишонаҳо, аз қабили гум кардани бӯйро аз даст дод, аммо нишонаҳои дигарро ба даст овард, ки ба зуком бениҳоят шабоҳат доранд.