ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Бегоҳи рӯзи 4 июл, тахминан соати 18:00 ҷангиёни ҳаракати Толибон* бидуни ягон амалиёт вулусволии Хоҳони вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро ишғол намуданд.
Дар ин бора маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, 94 низомии афғон бо мақсади наҷот ёфтан аз дасти Толибон, дар минтақаи "Шоҳон" - и Отряди сарҳадии "Ш.Шоҳин" марзи давлатиро гузашта ба Тоҷикистон фирор карданд.
Манбаъ меафзояд, сарҳадбонони тоҷик ба низомиёни афғон иҷозат доданд, ки ба қаламрави Тоҷикистон дохил шаванд.
Гуфта мешавад, бо назардошти вазъи мураккаби минтақаи марзӣ эҳтимолияти идома ёфтани убури низомиёни Афғонистон ба ҳудуди Тоҷикистон идома хоҳад ёфт.
КДАМ мегӯяд, айни ҳол вазъият дар марзи давлатии Тоҷикистону Афғонистон таҳти назорати пурраи сарҳадбонони тоҷик қарор дорад.
* созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия