Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Алмосӣ, деҳаи Шоҳамбарии шаҳри Ҳисор “Осоишгоҳи Шоҳамбарӣ”-ро пас аз азнавсозӣ мавриди истифода қарор дод, хабар дод котиботи раисиҷумҳур.
Осоишгоҳи маъруфи Шоҳамабарӣ соли 2016 ба ширкати “Руҳафзо – 2015” бо арзиши ҳудуди 3,1 миллион сомонӣ фурӯхта шуд, ки расонаҳо ин ширкатро ба хонаводаи маъруфи Соҳибовҳо марбут медонанд. Соҳибони нави ширкат зимни навсозӣ сабукиҳои андозиро гирифтанд.
Аз ҷумлаи шартҳое, ки Ҳукумат пеши соҳиби нав гузошта буд, пардохти қарзҳои пешини осоишгоҳ, сармоягузории на кам аз 10 миллион сомонӣ барои рушди он, то ба 200 нафар зиёд кардани теъдоди коргарону афзоиши фоидаи осоишгоҳ то 7 миллион сомонӣ дар муддати се сол зикр шуда буд.
Котиботи раисиҷумҳур мегӯяд, баъди навсозӣ зиёда аз 300 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегардад. Дафтари матбуоти раисиҷумҳур афзуд, баъди шиносоии пурра бо шароити истироҳат ва табобат дар “Осоишгоҳи Шоҳамбарӣ”, Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкорон ҷиҳати обод кардани як гӯшаи диёр, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, мусоидат ба рушди соҳаи сайёҳӣ, сайёҳии табобатӣ, муаррифии ҳунару анъанаҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ баҳои баланд дода, онҳоро ба хизмати босифат ба мизоҷон даъват кардаст.