Сабринаи Назрӣ гуфт, шояд шоу-бизнесро тарк кунад

Сабринаи Назрӣ, блогери номии тоҷик, ки маликаи Инстаграмаш низ меноманд аз эҳтимоли тарки шоу-бизнес гуфт
Sputnik
Сабринаи Назрӣ, собиқ ровии телевизиони "Сафина", блогери фаъоли тоҷик ва ровии барномаҳои фарҳангиву тӯйҳо гуфт, шояд тарки касбаш мекунад.
Ӯ ва шавҳараш Абдулло дар мусоҳиба бо рӯзноманигори Мубориз Усмонов дар барномаи "Имшаб" иқрор шуданд, ки чунин нақшаҳоро то хонадоршавӣ тарҳрезӣ карда буданд.
Ба қавли онҳо, тарки фаъолияти Сабрина бештар иқдоми шавҳари ӯст.
Ба қавли Абдулло, ин мақсадашро пеш аз хонадоршавӣ ба Сабрина Назрӣ фаҳмонида буд ва арӯсшавандааш қабул кард.
Долларчошӣ барои рақси Шабнами Сурайё дар Ню-Йорк: видео
"Ман гуфта будам, ки ин корҳояш бо мурури замон қатъ карда мешаванд. Ҳамсарам ҳам розӣ шуд ва гуфт, ки кӯшиш мекунад", - мегӯяд ҷавон.
Аммо ба қавли Абдулло, ба ҳар ҳол, феълан пеши роҳи фаъолияти ҳамсарашро нагирифтааст, ҳатто агар ҷояш омад, ба ӯ кӯмак ҳам мекунад.
"Вақте инсон муддати зиёд дар як самт бо шавқ кор кардааст, ӯро набояд якбора аз он маҳрум кард. Оҳиста-оҳиста мо ин нақшаамонро амалӣ мекунем", - таъкид кард вай.
Сабринаи Назрӣ гуфт, ки шояд баъди таваллуди фарзанд, бештар бо тарбияи кӯдак овора шаваду худаш аз кораш даст кашад.
"Ин касб дар дили ман аз хурдӣ ҷӯш мезад. Ман барои ровигӣ шуда, аз бесёр чизҳо даст кашидам, ҳатто аз кори давлатӣ рафтам, ки озод фаъолият мекунам. Якбора рафтан аз ин кор бароям мушкил аст", - иқрор шуд вай.
Аз намоҳанги Нигина Амонқулова ва Аброр Назаров саҳнаи куштор хат зада шуд: чаро?
Ҷавонон гуфтанд, ки дар интизори фарзанданд ва баъди чор моҳ шояд баъди таваллуди фарзанд ба як муддати тӯлонӣ Сабри Назрӣ аз шоу-бизнес дур шавад.