Размоиши нерӯҳои мусаллаҳи Ӯзбекистон ҳамзамон бо ташдиди даргирҳо дар Афғонистон

Давлати Ӯзбекистон ба далели авзои муташанниҷи Афғонистон размоиши омодагии ҷангии нерӯҳои худро эълом кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Вазорати дифои Ӯзбекистон эълом кард, давлати ин кишвар ба далели авзои Афғонистон ба таври ногаҳонӣ, омодагии ҷангии нерӯҳои худро эълом кард.
Размоиши ғайримунтазираи нерӯҳои мусаллаҳи Ӯзбекистон дар пайи ташаннуҷи авзои низомӣ - сиёсӣ дар кишвари ҳамҷавори Афғонистон оғоз шудааст.
Бар асоси барномаи давлати Ӯзбекистон, ба раёсати Баҳодур Қурбонов, вазири дифои ин кишвар размоиши ғайримунтазира дар манотиқи низомии Тошканд ва ҷанубу ғарб ва ҳамчунин дар воҳидҳои низомӣ ва нерӯҳои зиддиҳавоӣ ва нерӯҳои ҳавоӣ баргузор мешавад.
Амрико фурудгоҳи Багромро дар ихтиёри артиши Афғонистон супурд
Пештар вазорати хориҷаи Ӯзбекистон эълом кард, ки рӯзи 23 июни соли ҷории милодӣ 53 нафар низомии нерӯҳои марзии Афғонистон ва мардуми мусаллаҳ бо силоҳ вориди қаламрави Ӯзбекистон дар минтақаи Шӯртеппа шуданд.
Тошканд пас аз анҷоми бозрасиҳои мавриди ниёз ин шаҳрвандонро ба Афғонистон бозгарданд.
Ӯзбекистон таъкид карда, ки ин кишвар аз ҳар гуна убӯри ғайриқонунӣ ба қаламрави Ӯзбекистон ба таври қотеъона ҷилавгирӣ мекунад ва нисбат ба мутахаллифин шадидтарин иқдомотро анҷом хоҳад дод.