Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо

Марги ду нафар ва гирифторшавии рекордӣ ба коронавирус дар Тоҷикистон: омори вазорат

Вазорати тандурустӣ ҳолатҳои марг аз коронавирусро дар Тоҷикистон тасдиқ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Вазорати тандурустӣ омори нави гирифторӣ, табобат ва марг аз Ковид-19-ро нашр кард: мувофиқи он, шумораи сироятёфтагон тайи шабонарӯзи гузашта бесобиқа афзоиш ёфтааст.
Дар ҳамин ҳол, ниҳод ҳолатҳои марг аз вируси коронаро тасдиқ кардааст.
Ҳамин тавр, давоми шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 25 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуд.
Собиқ мудири Babilon ва 43-сола: даргузашти писари Саидалӣ Маъмур баъди 6 рӯзи марги модар
Ҳамчунин 15 нафар пас аз муоилиҷа солим гардонида шуданд.
Бино ба иттилои манба, аз бемории мазкур 2 нафар фавтидаанд.
Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз, 2 июл дар кишвар 13548 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 13333 нафар (98,4%) шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, бар асари бемории мазкур 92 нафар фавтидаанд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал меорад, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ қоидаҳои пешгирикунандаи бемории коронавирусро қатъиян риоя намоянд.