ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Мақомоти ВМКБ таъкид доштааст, ки табибон хона ба хона гашта, шахсони аз 60 — сола болоро сабти ном карда, онҳоро барои гирифтани ваксина ба бунгоҳҳои тиббӣ ва марказҳои саломатии маҳалли истиқоматашон даъват менамоянд, иттилоъ додааст АМИТ “Ховар”.
Ба иттилои манбаъ, мутахассисони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии ВМКБ зимни санҷиши вазъи санитарӣ дар бозори марказии шаҳри Хоруғ аз соҳибкорону тоҷирон ва харидорон даъват карданд, ки чораҳои беҳдоштиро қатъиян риоя кунанд.
Гуфта шудааст, ки бепарвоии сокинон нисбат ба ин бемории сироятӣ яке аз сабабҳои паҳншавии он мебошад.
Мутахассисони ин Марказ қайд карданд, ки мутаассифона, фурӯшандагону харидорони бозори марказӣ бемории КОВИД- 19- ро ҷиддӣ нагирифта, аз чораҳои зиддиэпидемикӣ истифода намебаранд.
“Маркази давлатии назорати санитарию эпидемологии вилоят ва бахшҳои он дар шаҳру ноҳияҳо ҳамарӯза дар ҷойҳои пуриздиҳом, дар терминалҳои мусофирбарӣ, мағозаву марказҳои дилхушӣ, кошонаву хӯроки умумӣ корҳои тарғиботию таблиғотиро пурзӯр карда, мардумро ба риояи фосилаи иҷтимоӣ ва пӯшидани ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ даъват мекунанд”, - таъкид доштааст манбаъ.
Мақомоти ВМКБ аз бепарвоии мардум нисбат ба бемории КОВИД-19 изҳори нигаронӣ намуда, зикр карданд, ки гунаи короновирус бо номи “Делта”, ки дар кишвари Ҳиндустон ошкор шудааст, на танҳо бо суръати баланд паҳн мешавад, балки оқибатҳои хатарзо дар пай дорад.
“Ягона чораи раҳоӣ аз мубталошавӣ ба ин беморӣ ин риояи тавсияҳои табибон ва ҷиддӣ гирифтани маъракаи эмкунӣ мебошад”, -таъкид доштааст Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии ВМКБ.