ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон барои гузаронидани аудити ҳисоботи молиявии бонк барои соли молиявие, ки 31 декабри соли 2021 анҷом меёбад, миёни ширкатҳои аудиторӣ озмун эълон кардааст.
Тибқи иттилои БМТ, озмун дар доираи ширкатҳои эътирофшудаи аудиторӣ гузаронида мешавад. Муҳлати пешниҳоди дархостҳо ва ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун то 2 августи соли 2021 муқаррар шудааст.
“Аз ширкатҳои аудиторие, ки барои иштирок дар озмун таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд, хоҳиш карда мешавад, ки дархостҳои худро лутфан ба нишонии ҷумҳурии Тоҷикистон, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 38/1, ирсол намоянд”, - омадааст дар иттилоия.
Ба навиштаи БМТ, дар назар аст, ки ширкати аудиторӣ санҷиши дурустии ҳисоботи молиявии маҷмӯии Бонки миллииТоҷикистон ва муайян намудани мутобиқати ҳисобдории Бонки миллии Тоҷикистон ба меъёрҳои байналмилалиро муайян мекунад.
Илова гардидааст, ки интихоби ширкат бо усули озмун ва тасдиқи он на дертар аз 10 сентябри соли 2021 анҷом меёбад.