Ҳабси репсарои шинохта “Navik-MC” барои майдаавбошӣ - видео

Репсарои шинохта Наврӯз Валиев , ки бо тахаллуси “Navik-MC” машҳур мебошад, барои кирдори зиддиҷамъиятияш ҳабс шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Тибқи иттилои Раёсати Вазорати умури дохила дар шаҳри Душанбе, Наврӯз Валиев бо майдаавбоши муттаҳам шуда 10 шабонарӯз равонаи маҳбас шудааст.
Ба иттилои манбаъ, ремсарои шинохта дар пайи як навори корбарон, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд боздошт гардид.
Зимни санҷиши ҳодиса номбурда репсаро иброз доштааст, ки санаи 25-уми июни соли ҷорӣ тақрибан соати 16:00 дақиқа бо мақсади гирифтани маблағ ба нуқтаи дастгоҳи худкори бонкӣ (бонкамат), ки ба ширкати "Душанбе Ситӣ" тааллуқ дорад, рафта, корти худро ба "бонкамат" ворид сохтааст, ки бо сабаби нуқсони техникӣ доштани дастгоҳ маблағ гирифта наметавонад.
Аз ин ҳолат номбурда асабонӣ шуда, бо вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ дастгоҳи худкори бонкиро аз ҷои насбшуда барканданӣ шуда, якчанд маротиба ба дастгоҳ зарба мезанад.
РВКД мегӯяд, вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Валиев Наврӯз тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо Қарори Суд ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10-шабонарӯз таъин карда шуд.