ДУШАНБЕ, 2 июл - Sputnik. Ин Шӯрои иборат аз 16 номзаду доктори илми Донишгоҳи давлатии Урали Ҷанубӣ рисолаи номзадии аспиранти тоҷик дар мавзӯи "Мудирияти муассири осиёби истеҳсолоти семент дар шароити зиддунақиз” – ро якдилона таъйид намуда, ӯро сазовори унвони номзади улуми техникӣ донистанд.
Ҷасурҷон Ҳасанов дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, барои мудирияти раванди истеҳсоли семент барномаи махсусе ба унвони ҷойи кори худкор (автоматизированное рабочее место) ихтироъ намуда, ба корхонаи сементи шаҳри Коркинои вилояти Челябински Русия пешниҳод намудааст.
“Ин барнома бо ёрии зеҳни сунъӣ сохта шуда, барои идоракунии раванди истеҳсоли семент ба оператор ҳолати кории таҷҳизот, харҷи неруи барқ, микдори маҳсулоти майдашаванда, маҳсулоти баргашта (крупка), сифати махсулоти омадашуда, суръати ҳаракати муҳаррикҳо ва ғайраро пешбинӣ мекунад. Ин тарзи идоракунӣ барои истеҳсолоти ҳаҷмҳои калон хело муфид аст”, - гуфт Ҷасурҷон Ҳасанов.
Бино ба санаде, ки корхонаи сементи Коркинои вилояти Челябинск ироа намудааст, пас аз ба кор бурдани ҷойи кори худкор харҷи барқ аз 38 – 43 ба 36,5 – 41,5 киловат-соат, маҳсулоти баргашта (крупка) аз 37 – 98 ба 40-65 тон, садои осиёб аз 70 – 90 ба 75-85 Дб коҳиш ёфта, суръати осиёб аз 74 – 82 ба 75-80% афзудааст.
Ҷасурҷон Ҳасанов зодаи деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич буда, соли 2005 мактаби 7-и ба номи Рустамҷон Ҳасанов ва соли 2010 бо ихтисоси муҳандиси барномасоз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимиро хатм намудааст.
Соли 2016 донишгоҳ ӯро ҳамчун донишҷӯи болаёқат барои таҳсил ба аспирантураи Донишгоҳи давлатии Урали Ҷанубӣ рафтааст.