Кӯдаке дар 9-солагӣ пир шуду даргузашт

Ин кӯдак аз бемории нодир ва хатарноки ирсии прогерия азият мекашид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Ира Химичс, духтараки 9-сола дар Украина аз пирӣ даргузашт. Дар ин бора модари духтарак дар Instagram хабар додааст.
"Ира даргузашт. Дирӯз дилаш аз кор монд. Офтобакам, маро бубахш, ки ин дафъа туро наҷот дода натавонистам", - навиштааст зан.
Дар панҷсолагӣ духтурон муаян карда буданд, ки ӯ ба бемории нодире - прогерия гирифтор аст. Ин бемории генетикист, ки дар натиҷа организм хело бармаҳал пир мешавад.
Дар бештари ҳолатҳо, нишонаҳои прогерия дар 2-3-солагӣ зоҳир мешавад. Он дар пӯст ва узвҳои дохилӣ зоҳир мегардад.
Ҳамагӣ дар як сол бемор метавонад ба 10 сол пир шавад. Нафароне, ки прогерия доранд, базӯр то синни наврасӣ зиндагӣ мекунанд. Бештари онҳо дар 13-солагӣ мефавтанд.
Чор аломати бемории коронавирус, ки дар эмшудаҳо пайдо мешаванд
Дар тамоми ҷаҳон 350 ҳолати прогерия ба қайд гирифта шудааст. Бори нахуст ин бемориро олими бритониёӣ Ҷонатон Хатчинсон дар соли 1886 шиносоӣ карда буд.
Сипас олимоне чун Гастингс Гилфорд ва Отто Вернер ба ташхиси беморӣ машғул шуданд.
Ҳамин тавр, номи дувуми беморӣ синдроми Хатчинсон- Гилфорд дар кӯдакон ва синдроми Вернер дар калонсолон, ки нишонаҳояш дар онҳо 14-18-солагӣ ошкор мешавад, гардид.
Усулҳои хоси терапияи прогерия таҳия нашудаанд. Кӯмаки тиббӣ ба чунин беморон барои рафъи нишонаҳои беморӣ расонида мешавад.